Шери масти моҳтобам бо шаробам кор нест
Моҳӣ сарчашма наварам ба обам кор нест
Хона дарбастаам чун гавҳар аз худ равшан аст
Аз тиҳии чашмӣ ба моҳу офтобам кор нест
Серума шаб мекунад кори намак дар дида ам
Бо хаёли ёр , чун анҷум ба хобам кор нест
Аз баёзи сода лавҳӣ кардаам равшани савод
Чун қалам аз дили сиёҳӣ бо китобам кор нест
Ризқи бидрдони зи ман хамёзаи ҳасрат буд
Шӯри ишқам , ҷуз ба дилҳои кабобам кор нест
намекунам оҳистаи роҳии қатъ чун реги равон
Гар замин дар ҷунбиш ояд бо шитобам кор нест
Хати покӣ аз ҷунуни ӣнҷо ба даст оварда ам
Икқлми рӯзи қиёмат бо ҳисобам кор нест
Дар тамошоӣ батон соиби далер афтода ам
Чун нигоҳи хираи чашмон бо ҳиҷобам кор нест