Ҳар ки аз дил давр бошад дар назар манзур нест
Ҳаст доим дар назари он кас ки аз дил давр нест
Душманӣ бо шӯрбахтони чарх биҷо ме кунад
Ин кабоби хуши намаки муҳтоҷи чашм шӯр нест
намедиҳад андӯхтани доғи пушаймонии самар
Оташӣ чун шаҳди баҳри хона занбӯр нест
Шиква ҳо дорад зи шӯри ишқи доғи булҳавас
Дида бешармро ҳақи намак манзур нест
Аз раг хомӣ надорад роҳи дил дар базми ишқ
Чинии мӯдор , боби маҷлис фағфур нест
Теғро бедаст ва по созад сипар андохтан
Хок агар сари панҷаи хуршеди тобад давр нест
Душманонро меҳрбон созад дил бекӣна ам
Ошнорўим , зи ман бегонагӣ мақдӯр нест
Осмони соиби зи ҷӯши ашки ман дар ҳам шикаст
Шишаи нозуки ҳарифи бодаи пар зӯр нест