Танги зарфам , бода кам зӯр месозад маро

Даври гардӣу нигоҳ давр месозад маро

Нест аз бе ҳосилии нақли макон дар хотирам

Хор бебаргам , замин шӯр месозад маро

Чашм бар дарё надорад коса дарюза ам

Ашки Нитсаон чун садаф маъмур месозад маро

Бо кушоди ҷабҳа чун ойӣнаи нозуки машрабам

Аз назарҳо як нафас мастур месозад маро

Нест дар дили ҳасанро зангии зи нили чашми захм

Оби ҳайвонам , шаб диҷўр месозад маро

Пилаи наздик , созад дасти ҷуръатро дароз

Хори деворам , нигоҳ давр месозад маро

Ғунчаро бо шохсоронаст пайванди қадим

Дори ибрат чун сар Мансур месозад маро

Хоксории подшоҳи вақт хешам карда аст

Аз суфолии коса фағфур месозад маро

Сабзаи хобидаро бедор созад нола ам

Вой бар боғӣ ки аз худ давр месозад маро

Бар дили ман чун гуҳари гирди ятемӣ бор нест

Кулуфт рӯй замин маъмур месозад маро

Нест аз захми забони парво , зи ширинии маро

Шаҳди софам , хона занбӯр месозад маро

Нест соиб дар бисоти ман ба ғайр аз захму доғ

Ҳамчуи маҷнӯни водӣ пуршӯр месозад маро