Рӯзгори зиндагии нақш бар обӣ беш нест
Мавҷро қисмати зи дарёи печу тобӣ беш нест
Гарчи шуд танги шукри зи эҳсон ӯ ҳар чашми мӯр
Рӯзии мо зон лаби ширини ҷавобӣ беш нест
Ончӣ аз хӯни ҷигар дар шиша дорад осмон
Пеши мо дрёкшони ҷоми шаробӣ беш нест
Шодии олам , назар бо меҳнат бисёр ӯ
Хандаи барқии намоён аз саҳобй беш нест
Гарчи танагӣ мекунад бар дастгоҳи баҳр , хок
Чашм хоб олуд моро мушти обӣ беш нест
Ҳиммати мо даст агар аз остин берун кунад
Пардаҳо осмони тарафи ниқобӣ беш нест
Пеши чашм ҳар ки аз ғифлат наёвардааст об
Ҷилваи хушки ҷаҳони мавҷи саробӣ беш нест
Боди нихват дар кулоҳи сарфарозони ҷаҳон
Чун ҳавои як лаҳзаи афзӯн дар ҳубобӣ беш нест
Нест аз тӯфони хатари киштӣ ба соҳили барда ро
Аз ҷаҳони моро таваққуъи инқилобӣ беш нест
Ҷилва барқӣаст соиби рӯзгори хўшдлӣ
Имтидоди зиндагии мади шаҳобӣ беш нест