Об кун дар шишаи соқигар шароб соф нест
Киштии моро ба хушкӣ бастан аз инсоф нест
наметавонист аз зар гул кард моро бе ниёз
Ҳайфи гӯши боғбонро парда инсоф нест
Гавҳар ноёбро битавон ба ширинии харид
Дар баҳоии бӯсаегар ҷони диҳӣ исроф нест
Гар сухан кайфиятӣ дорад сироят ме кунад
Ҳеҷ айбии аҳли маъниро бтар аз лоф нест
Пушт бар ман мекунад ҳар гоҳ рӯе дид азу
Синаам бо синаи ойӣна зон рӯ соф нест
Хирмани маи пеши ман як ҷӯ надорад эътибор
Донаи анқои мо ҷузи нуқтаҳои қоф нест
Дар сухан аз урфӣ ва толиб надорад кӯтаҳӣ
Айби соиби ин буд каз зумра аслоф нест