Тани парастии зердаст хок месозад маро
Бе худии тоҷи сар афлок месозад маро
Дар гиреҳ доим нахоҳад монад корам чун садаф
Шухии гавҳари гиребон чок месозад маро
Гар чаҳ чун сӯзани гаронӣ бар заминам дӯхта аст
Ҷазбаи оҳани рибо чолок месозад маро
Муддатӣ шуд бори берун бардаам зини Асия
Гардиши афлок кӣ ғамнок месозад маро
Гар напардозам ба хӯн чун сайл , ҷой таън нест
Гирди роҳ аз чеҳраи дарё пок месозад маро
Гарм месозад дили афсурдаро захми забон
Оташ бемояам , хошок месозад маро
Пеши оби зиндагигар меҳр бурдорам зи лаб
Ғайрати ҳиммат , даҳан пурхок месозад маро
Фурсати хоридни сари кӯ , ки ишқи сангдил
Аз гиребони ҳалқа фитрок месозад маро
Нест бар хотири ғубор аз раҳгузор гиря ам
Хоксорам , дида намнок месозад маро
Ашки ток аз май парастии узри хоҳи ман бас аст
Ин раги абр аз гуноҳон пок месозад маро
Донаи ман пушти по бар хирман гардун зада аст
Ин раги абр аз гуноҳон пок месозад маро
Донаи ман пушти по бар хирман гардун зада аст
Кӣ шикори худ ҷаҳон хок месозад маро
Гар чунин бар хушки бандади киштии ман зуҳди хушк
Бенаво аз барг чун мисвок месозад маро
Печу тобӣ каз хат ӯ дар раги ҷон ман аст
Ҷавҳари ойӣна идрок месозад маро
Соиб аз афсурдагии хӯн дар раги ман мурда аст
Ковуши мижгони он бебок месозад маро