Сабр бар захми гаронсанги маломат саҳл нест

Тўтёи гаштан ба зери кӯҳи тоқат саҳл нест

Мӯр қонеъ ёфт аз дасти сулаймони пойтахт

Бар ҷигари дандон фишурдан аз қаноат саҳл нест

Ишқи ъолмсўзро чун барқ , оташ зер пост

Варна захми хори саҳрои маломат саҳл нест

Хори ин водии шлоинтар зи хӯн ноҳақ аст

Аз алойиқ , чидани домони рағбат саҳл нест

Дард ёқӯбӣ надорад чашм хоб олуд мо

Варна аз каф додани домони фурсат саҳл нест

Кам мадони тақсири периро ки дар ҳангоми субҳ

Гар ҳамаи як чашм бошад , хоби ғифлат саҳл нест

Ман гирифтам сайли нософ маро карданд соф

Хиҷлати нософӣ аз дарёии раҳмат саҳл нест

Бар ту аз кӯтоҳи бинии хӯн дил шуд ногувор

Чашм агар бар манъам уфтад , ҳеҷ неъмат саҳл нест

Кӯҳкан аз рашки хусрави ҷони ширинро супурд

Ишқ дар ҳар дил ки бошад , захми ғайрат саҳл нест

Хӯрдани гандуми буруни андохти одамро зи хулд

То бадонеи пеши ҳақи як ҷӯи итоат саҳл нест

Пардаи Мансур агар сад чок шуд чун гул сазост

Дам задан бепарда аз асрори ваҳдат саҳл нест

Кофар ҳарбӣаст ҳар кас нест розӣ аз қазо

Соиб аз қисмат чу нодонони шикоят саҳл нест