Офати давлат ба абнои замон маълум нест
Луқма чун афтод фарбеҳи устихон маълум нест
Аз хаданги ишқ чун тири ҷигари дузи қазо
Аз латофати ҳеҷ ҷузи гирд аз нишон маълум нест
Ҳар куҷо озодагӣ бошад , набошад инқилоб
Дар бисоти сарви осори хазон маълум нест
Бӯса мехоҳад ки роҳи ошноӣ во кунад
Бар нафас ҳар чанд роҳи он даҳон маълум нест
Аз шитоб умр дорад бе хабари ғифлати туро
Аз ҳуҷуми сабзаи ин оби равон маълум нест
То зи худ беруни ниёеи хешро натавон шинохт
Айби тири каҷ дар оғӯши камон маълум нест
Май шӯии вақти раҳил аз ғифлати худ бохабар
Дар ҳзри сангинии хоби гарон маълум нест
Тифл донад дояро ҳуру биҳишту ҷӯии шер
Зиштии золи ҷаҳон бар ноқисон маълум нест
Бештари пос адаб доранд шарми олӯдагон
Дар гулистонӣ ки онҷои боғбон маълум нест
Дар раги кон то буд ёқӯт , хӯни мурда Эй аст
Дар хамӯшӣ ҷавҳари теғи забон маълум нест
Мушкиласт аз ҷустуҷӯи озодагонро ёфтан
Аз сбкбории паии ин корвон маълум нест
Дар ғарибӣ май намояди фикри соиби хеш ро
Накҳати гул то буд дар гулистон маълум нест