Ғайри ҳасрати ризқи ман зон ҳасан беандоза нест
Фатҳи боби ман азин майхонаи ҷуз хамёза нест
Микшонро рӯз борон мекунад гирдоварӣ
Ҷузи раги абри баҳорони ҷамъро шероза нест
Боғи ҷинат дар сафо ҳар чанд бошад бе назир
Пеши арбоби басирати ҳамчу рӯй тоза нест
Нест ҳар беҳудаи нолиро хабар аз сӯзи ишқ
Матлаби булбули зи ишқи гул ба ҷуз овоза нест
Тир тхшӣ ҳаст ҳар касро азон абрӯи камон
Қисмати мо чун камон аз даври ҷуз хамёза нест
Лола дар кӯҳи Бадахшони хӯни худро ме хӯрд
Чеҳраи гулранг ӯро эҳтиёҷ ғоза нест
Мустамеъро соиб аз гуфтори мо баҳрааст беш
Чун камони моро насиб аз сайди ҷуз хамёза нест