Ризқи ман зон наргиси мастонаи ҷуз хамёза нест

Фатҳи боби ман азин майхонаи ҷуз хамёза нест

Оҳ каз беҳослиҳо ончӣ мемонад ба ман

Чун садаф зон гавҳари икдонаҳи ҷуз хамёза нест

Рӯзии дасту даҳони ошиқ аз бӯсу канор

Зоннигор аз вафои бегонаи ҷуз хамёза нест

намекашад фонӯси густохона дар бар шамъ ро

Рӯзии болу пари парвонаи ҷуз хамёза нест

Аз шароби мо дигарҳо шодмонӣ ме кунанд

Қисмати мо чун лаби паймонаи ҷуз хамёза нест

Рӯзии мо чун млоики донаи тасбеҳи мост

Дар бисоти мо зи обу донаи ҷуз хамёза нест

Тир тхшӣ дорад аз нахҷӣри мо ҳар кас ки ҳаст

Гарчи моро чун камон дар хонаи ҷуз хамёза нест

Ризқи нодонон буд соиби шаробӣ бе ғамӣ

Дар бисоти мардуми фарзонаи ҷуз хамёза нест