Барги айши омода аз фақр ва қаноат шуд маро

Дасти худ аз ҳар чаҳ шастами пок , қисмат шуд маро

Худ ҳисобӣ шуд дили огоҳро рӯзи ҳисоб

Дидаи инсофи мизон қиёмат шуд маро

Перӣ аз дунёӣ ботил кард рӯй ман ба ҳақ

Қомат хам гашта миҳроб ибодат шуд маро

Ҳар май талхӣ ки барадам дар ҷавониҳо ба кор

Вақти перии мояи ашк надомат шуд маро

Донае ҷуз хӯрдан дил нест дар ҳангома ҳо

Ҳайф аз авқотӣ ки сарфи дом суҳбат шуд маро

Ончӣ дар айёми перӣ кам шуд аз нури басар

Боиси афзӯнии нур басират шуд маро

Миннати эзадро ки дар анҷом умр омад ба даст

Дар ҷавонигар зи кафи домон фурсат шуд маро

Даст ҳар касро гирифтам соиб аз афтодагон

Бар чароғи зиндагии даст ҳимоят шуд маро