Ёди айёмӣ ки дарёии мурувват ҷӯш дошт
Ҳар садафи як домани гавҳар , тароз гӯш дошт
Пардаи фонӯс дар берун дар мекард сайр
Шамъро парвонаи густох дар оғӯш дошт
Бодаҳо бесоғару мино ба даври афтода буд
Маҷлиси мо мутриб аз гулбонг нўшонўш дошт
Дар таназзул буд доим бо асирони лутфи чарх
Суҳбати имрӯзи мо доими ҳасад бар дӯш дошт
Меҳри хомӯшӣ на имрӯз аз лаби мо давр шуд
Деги моро ҷӯши дили пайваста бесарпӯш дошт
Шуд баҳору булбули ин боғи ранг гул надид
Бас ки гулҳоро ҳиҷоби ҳасани шабнам пӯш дошт
Чашми мо то буд гирён , буд тӯфон дар танур
Буд дарё дар қафас , то сина моҷўш дошт
Зулф ва хат нагузошт уфтад чашми мо бар рӯй ёр
Мавҷи ҷавҳари доими ин ойӣнаро хас пӯш дошт
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд ғанӣ
Ёди айёмӣ ки деги шавқи мо сарпӯш дошт