То дил аз ёди ту май дар соғар андеша дошт

Ҳар ҳубобиро ки медидам парӣ дар шиша дошт

Чун нагардад савлати ишқ аз ҷунуни ман зиёд ?

Дар кадомин аҳди ширии ин чунин дар беша дошт ?

Талх агар бошад ҳадиси ман , марои маъзӯри дор

Рехт бар ман осмони заҳрӣ ки дар таҳ шиша дошт

Ман ки дорам санг бардорад зи пеши роҳи ман ?

Ёри ғории кӯҳкани ҳамроҳи худ чун теша дошт

Соиб акнӯн пеши мӯрӣ май гузорами пушти даст

Ман ки шери осмон аз савлатам андеша дошт