Ончӣ аз хати ёрро бар ғунча мастур рафт

Кӣ ба танги шукр аз тороҷи хайл мӯр рафт ?

Кӯчау бозорро савдои ман пар шӯр дошт

Як ҷаҳон шуд бенамак то аз сари ман шӯр рафт

Аз адаб бо онкӣ кардам даври гардии ихтиёр

Умри ман дар орзӯии як нигоҳ давр рафт

Аз сиёҳии номаи аъмоли худро пок кард

Ҳар ки зини мотами саро бо мӯӣ чун кофур рафт

Бар дил ва бар дидаи ёқӯб аз даврӣ нарафт

Ончӣ аз қурби накӯён бар ман маҳҷӯр рафт

Ман нагӯям ҳеҷ , инсофаст эй бидодгар

Каз чунин майхонае бояд маро махмур рафт ?

Давр бошӣ соликони роҳи ҳақро лозим аст

Ҳамчуи Мӯсо беАсо натавон ба кӯҳ тавр рафт

намешавад бозичаи боди сабои хокистараш

Дар маҳофил ҳар ки чун парвона бедастур рафт

Ваҳшати ман аз гронҷонони тан парвар баҷост

Чун ба пои худ тавон дар зиндагӣ дар гӯр рафт ?

Олами пари шӯр бо май мекунад кори намак

Ҳар ки маст омад ба ин ваҳшати саро , махмур рафт

Ҳарфи ҳақро бар замин андохтан беҳурматӣ аст

Зини сабаб бар минбари дори фано Мансур рафт

Кори ишқ аз ғайрат ҳамкор меёбад камол

Қӯти бозуии ман аз рафтан ҳамзӯр рафт

Зиндагонӣ дар миёни халқи соиб мушкил аст

Варна урён ме тавон дар хона занбӯр рафт

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки Сайид гуфта аст

Хор мегардад нигаҳ дар дида чун манзур рафт