Буии зулф ӯ ҳавосамро парешон кард ва рафт

Барги айши панҷ рӯзамро ба домон кард ва рафт

Оҳи дӯди талхкомони кори худро ме кунад

Зулфи пиндорадро хотир парешон кард ва рафт

Заррае аз офтоби ишқ дар офоқ нест

Ин шарарро кӯҳкан дар санг пинҳон кард ва рафт

Вақти он кони малоҳати хуш ки аз як нӯшханд

Доғҳои синаи моро намакдон кард ва рафт

Ҳар ки зини дарёии пари ошӯб сар зад чун ҳубоб

Тоҷу тахти хешро таслим тӯфон кард ва рафт

Поси лашкари доштан аз хусравон зебанда аст

Ин насиҳати мӯр дар кор сулаймон кард ва рафт

Ҳар ки берун омад аз дороломони нестӣ

Чун шарар дар авҷ ҳастӣ як ду ҷавлон кард ва рафт

Рӯзгори хуши анонеи хуш ки чун сайли баҳор

Каъбагар санг раҳаш гардид , вайрон кард ва рафт

Ҳар ки соиб аз ҳарим нестӣ омад бурун

Бар сари хишти аносири як ду ҷавлон кард ва рафт