Вақти хати дили коми худ зон лаъли рӯҳ афзо гирифт
Дар баҳорон метавон дод дил аз саҳбо гирифт
Дасти бедоди фалакро зуд кӯтаҳ ме кунад
Фитнае каз қомати раъноӣ ӯ боло гирифт
Дар кадомин соъат сангин надонам кӯҳи ғам
Дар замини синаи мо хоксорон ҷо гирифт
Нест дар сўодгронҷони ишқи хуши савдои мо
наме тавон аз мо ду оламро ба як ?има гирифт
Домани реги равонро хор натавонад гирифт
Даст холӣ монад ҳар каси доман дунё гирифт
Хӯшаи гавҳар иваз дод ва ҳамон шарманда аст
Қатра чанде ки абри мо азин дарё гирифт
Шӯри болодасти мо бар тоқи нисён май наад
Ҳар шаробиро ки бояд пунба аз мино гирифт
Гарчи чун соҳили силаҳи ман сипар афкандан аст
наме тавонам теғи мавҷ аз панҷа дарё гирифт
Хонаи дилгирро дармон ба саҳро ме кунанд
Чист ёрб чораи он дил ки аз саҳро гирифт ?
Ҳиммат пастаст домангири мо бе ҳосилон
Варна кӯҳи қофро дар зери пар анқо гирифт
Буд соиби теғи кӯҳи бесутун беобу тоб
Ин шарор аз тешаи ман дар дил хоро гирифт