Домани фурсати дили битоб натавонад гирифт
Мушти хокии пеши ин сайлоб натавонад гирифт
Брнхизд ҳар ки пеш аз субҳ аз хоби гарон
Давлати бедорро дар хоб натавонад гирифт
То насозад ҷамъи худро шабнам бедасту по
Домани хуршеди ъолмтоб натавонад гирифт
Орифонро рахнаи дил , қибла ҳоҷат равост
Каъбаи ҳаргизи ҷои ин миҳроб натавонад гирифт
Ошиқонро бӯса пайғом созад ташна тар
Гавҳари сероб , ҷои об натавонад гирифт
Дар гиребони рехти гардуни соғари хуршед ро
Ҳар тнки зарфии шароби ноб натавонад гирифт
Ҳалқаи доми гирифтории даҳан вокрдн аст
Моҳии лаби бастаро қуллоб натавонад гирифт
Миннати алмос аз беҷавҳарӣ хоҳад кашид
Ҳар лаби захмӣ ки аз теғи об натавонад гирифт
Дар куҳансолӣ надорад зулми даст аз кори хеш
Раъшаи теғ аз панҷаи қассоб натавонад гирифт
Ҳар ки чун парвона дорад доғи оташи талъатӣ
Чун сапанди ором дар маҳтоб натавонад гирифт
Гирдбоди хона бар дӯш диёр ваҳшатем
Ро бар ҷавлони мо сайлоб натавонад гирифт
Ҳар киро дарди талаби соиб ба ҳам печида аст
Як нафаси ором чун гирдоб натавонад гирифт