Ҳайфи худ бо оҳи гарм аз осмон бояд гирифт

Оташӣ то ҳаст зӯри ин камон бояд гирифт

Аз сухан бисёр гуфтан , мешавад кӯтаҳи ҳаёт

Тавсани умри сбкрўро Аннан бояд гирифт

Обҳои тира равшан мешавад зи астодгӣ

Гӯшае то мумкинаст аз мардумон бояд гирифт

Тифли бдхўро намесозад тршрўиӣ хамӯш

Талхи гӯйонро ба ширинии даҳон бояд гирифт

Гарчи домони васоили парда бегонагӣ аст

Домани шаб ба зорӣу фиғон бояд гирифт

Марги талх аз зиндагии хуштар буд дар кишварӣ

Каз даҳони саги ҳуморо устихон бояд гирифт

То ба зардии офтоб умр наниҳодааст рӯй

Дод худ аз бода чун арғавон бояд гирифт

Соғари лабрез май резади зи дасти раъшаи дор

Дар ҷавониҳо таматтуъ аз ҷаҳон бояд гирифт

Парда домаст хоки нарми ин бстонсро

Бар сари шохи баландии ошён бояд гирифт

Зулм бошад дар тамошои харҷ кардани умр ро

То назар бозаст ибрат аз ҷаҳон бояд гирифт

Сайди фарбеҳ бегудоз тан намеояд ба даст

Машқи печу тоб азон мӯии миён бояд гирифт

Ҳифзи зарро нест тадбирӣ ба аз базли закот

Хӯни гулҳоро зи манъи боғбон бояд гирифт

Давлати ҷовид агар соиб таманно ме кунӣ

Малики маъниро ба шамшери забон бояд гирифт