Дар хароботи Муғони манзил намебояд гирифт

Чун гирифтӣ , кини кас дар дил намебояд гирифт

ё наме бояд зи озодӣ задан чун сарви лоф

ё гиреҳ аз бебарӣ дар дил намебояд гирифт

Сади роҳ олам болост маъшӯқи муҷоз

Домани ин сарви по дар гул намебояд гирифт

То тавон сарпанҷаи дарё чу тӯфон тоб дод

Теғи мавҷ аз қабзаи соҳил намебояд гирифт

Хӯни баҳои беҳтари зи ҳифзи обрӯӣ ишқ нест

Дар қиёмати домани қотил намебояд гирифт

Бо вуҷӯди ҳасани маънӣ , хоҳиш сӯрат хатост

Пеши Лайлии домани маҳмил намебояд гирифт

Соф чун ойӣна май бояд шудан бо хубу зишт

Ҳеҷ чиз аз ҳеҷ кас дар дил намебояд гирифт

Толиби ҳақро чу тирӣ каз камони беруни ҷаҳд

Ҳеҷ ҷои ором то манзил намебояд гирифт

Чашми бад бисёр дорад дар камӣни осӯдагӣ

Чун сапанди ором дар маҳфил намебояд гирифт

Оҳ афсӯсаст соиби ҳосили мавҷи сароб

Домани дунёӣ беҳосил намебояд гирифт