Шӯр дар дил фиканд лаъл хамӯшӣ ки турост
Хобро талх кунад чашмаи нӯшӣ ки турост
Аз латофат , суханӣ чанд ки дар дили дорӣ
наметавон хонд з лабҳои хамӯшӣ ки турост
Хобро шухии чашми ту Ром оҳӯ кард
Чаҳ кунад бодаи гулранг ба ҳушӣ ки турост ?
Сарфи хамёза оғӯш шавад аўқотш
Ҳар киро чашм фитад бар бару дӯшӣ ки турост
эй басои рӯзи азизон ки сияҳ хоҳад кард
Аз хату зулф , рухи ғолияи пӯшӣ ки турост
Сабзаи турбаташ аз оби гуҳар сабз шавад
Ҳар ки чашм об диҳад аз дар гӯшӣ ки турост
Чаҳ биҳиштӣаст ки имон ба гарав ме гирад
Аз фақирон , нигаҳи бодаи фурӯшӣ ки турост
Тарафи даъвӣ соиб машав эй булбули маст
Ки ду ҳафтааст ҳамин ҷӯшу хурӯшӣ ки турост
Нест мумкин ки туро пухта насозад соиб
Чун май талхи дарин майкадаи ҷӯшӣ ки турост