Дил бесабр ба тӯфони балои раҳбари мост
Боли мавҷи хатар аз киштӣ бе лангари мост
Бӯсаи он лаб мегавану лаби мо , ҳайҳот
Ин май лаъл , зиёд аз даҳани соғари мост
Ъушрат рӯй замин , қолаб беҷонӣ азуаст
Аз сари кӯии ту хиштӣ ки ба зери сари мост
Роҳ ишқаст ки аз сар будаш санги нишон
Ҳар ки сар дар сари ин кор кунад раҳбари мост
Ҳамчуи авроқи хазон ҳар варақаш дар ҷое аст
Гар ба зоҳири дили сад пораи мо дар бар мост
Дили мо аз нафаси сӯхтагон тоза шавад
Ҳар куҷо ҳаст ҷигари сӯхтае анбари мост
Нури хуршед дар ойӣна мо мастураст
Ҷой раҳмаст бар он дида ки равшангари мост
Чашми мо пардагӣ аз серумаи ҳайрат шуда аст
Варна он оинаи рӯ дар таҳи хокистари мост
Ҳар дилиро сухан мо напазирад соиб
Синаи поки даҳонон , садафи гавҳари мост