То туро чун дгарон дидан зоҳир кораст

Чашм бар рӯй ту чун оина бар девораст

Аз фузулӣаст турои дидаи бениши пари хор

Варна олами ҳамаи як дастаи гул бе хораст

Олам аз сангдилони қулзуми пар кҳсорӣ аст

Киштии Нӯҳи дарин варта дил ҳушёраст

Нафаси оҳистаи баровар ки наме резади гул

Дар риёзӣ ки насим саҳараш бемораст

Чаҳ ғам аз зеру зибри гаштан мо дорад ишқ ?

Нуқтаи осӯдаи з саргаштагӣ паргораст

эй каз ислом ба гуфтори тасаллӣ шуда Эй

Камари хизмати мардум чаҳ кам аз зуннораст ?

Раг сангаст туро ҳар сари мӯ аз ғифлат

Бо чунин бор , гузаштани з ҷаҳон душвораст

Хон оростаро нест ба сарпӯши ниёз

Сар бе мағзи гирифтор ғам дастораст

Пой берун манеҳ аз гӯшаи азлати зинҳор

Ки балоҳои сияҳи соя пас девораст

Бори олами ҳама бар хотир биноён аст

Сӯзан аз кор фитад ришта чу ноҳамвораст

Дили аФгор сияҳ мешавад аз серумаи хоб

Чашми бедори чароғи сар ин бемораст

Осмонро ғамӣ аз мурдан бекорон нест

Нахл бебор ба дӯши чаман оро бораст

Аз ду сари кор касе баста нагардад ҳаргиз

Хандаи ғунчаи пайкони з лаб сӯфораст

Тоъатӣ нест ки дар парда хомӯшӣ нест

Тарки гуфтори дарин базм , сар кирдораст

Ҳунар онаст ки дар парда намоён бошад

Ҷавҳар аз оинаи берун чу фитад зангораст

Ҳаваси ганҷи туро дар дили вайрон то ҳаст

Хори ин водии хунхор забон мораст

Ончии шерозаи ҷамъияти дил май доне

Ба саропардаи ваҳдат чу рисӣ зуннораст

Ғами олами зи дилами кӯҳи ғам ӯ бардошт

Ин чаҳ файзаст ки дар домани ин кҳсорст

Сипарӣ нест ба аз меҳр хамӯшӣ соиб

Ҳар киро ҷону дил аз теғи забони аФгорст