Аз шукри чошнии нола не бештараст

ӣнқадари ҳасани глўсўзи куҷо бо шукраст ?

Дар ватани аҳли ҳунари доғ ғарибӣ доранд

Дар садафи гирди ятемӣ ба ҷабин гуҳараст

Барнагардад з ғалат карда худ ҳасани ғаюр

Варна аз оинаи чашму дили мо поктрст

Аз сухан беш таматтуъ ба сухан санҷ расад

Аз гуҳари баҳраи ғаввоси ҳамин як назараст

Зоҳид аз тарк надорад ғаразии ҷузи шӯҳрат

Сикка аз баҳр равоеаст ки пушташ ба зараст

Ҷоҳили он ба ки ба гуфтор даҳан накушояд

Кӯдаконро зи лаби бом хатар бештараст

Поси дами доргар аз умри бақо май талабӣ

Ки бар ин мурғи гирифтор , нафаси болу параст

Сокин аз шиша соъат нашавад реги равон

Гарчи дар ҷисм буд рӯҳи ҳамон дар сафараст

Пеши чашмӣ ки буд тухми умедаш дар хок

Раги абрӣ ки надорад гуҳарии ништрст

Макаш аз молаши айём чу бе дардони сар

Ки чу тан суда шавад сандал сад дардисараст

Хоби ширин будаш бистару болини соиб

Хона ҳар ки чу занбӯр асал мухтасараст