Чун ба ҳайрат задагонаст маро рӯй сухан
Тарафи суҳбати ман сӯрати девор бас аст
Корвонии ҷаҳд аз хоб ба як табли раҳил
Дар шабистони ҷаҳони як дили бедор бас аст
Набарди сбҳаҳи тазвир ба сад роҳи маро
Камари ваҳдати ман ҳалқаи зуннор бас аст
Бениёзаст суханвари зи муҳаррики соиб
Хомаро завқи сухани боиси гуфтор бас аст
Май гулранги ман он рӯй чу гулнор бас аст
Нақли ман ҳарфӣ азон лаъли шкрбор бас аст
Нест чун сайли марои роҳнамоӣ дар кор
Кашиши баҳри марои қофилаи солор бас аст
Партави ориятии наъл дар оташ дорад
Шамъи болини ман аз дидаи бедор бас аст
Қил ва қоласт гарон бар дили равшани гуҳарон
Тӯтӣ оинаам сабзаи зангор бас аст