Хобу бедории он наргиси махмур хуш аст

Ин сароеаст ки дар бастау маъмур хуш аст

На ҳамин рӯй замин аз ту шукр ме хандад

Каз шикарханди ту дар зери замини мӯр хуш аст

Ҳар кабобӣ ки буд шӯр , намебошад хуш

Дил кабобӣаст ки ҳар чанд буд шӯр хуш аст

Хоксории зи бузургони ҷаҳон зебанда аст

Ин суфолӣаст ки дар маҷлиси фағфур хуш аст

Дар нигини хонаи нигини ҷилва дигар дорад

Бар сари дори фанои маснади Мансур хуш аст

Хӯн мурдааст ба чашми ту шаб аз мурдаи дилӣ

Варна бедордилонро шаби диҷўр хуш аст

Чанд дар парда касе рози худ изҳор кунад ?

Арнии гуфтани Мӯсо ба сари тавр хуш аст

Дӯзах бе ҳунарони суҳбат биноён аст

Хона ҳар чанд ки торик буд ъўр хуш аст

Нест боз омадан аз фикру хаёли ту маро

Бо рафиқони мувофиқи сафари давр хуш аст

намезанад бар ҷигари ташнаи лабони об , ақиқ

Бо хаёли ту дили соиби маҳҷӯр хуш аст