Навбаҳори хати он ғунчаи даҳан дар пеш аст
Дили маҷрӯҳи марои сайри хутан дар пеш аст
Он қадрҳо ки нигоҳаст зи мижгон дар пеш
Аз ғизолони дил Ром карда ман дар пеш аст
эй ки дории ҳаваси бӯсаи он кунҷи даҳан
Бохабар бош ки он чоҳи зқн дар пеш аст
Аз фурӯғи лаб ӯ чашми Суҳайл об оварад
Ин ақиқӣаст ки аз кони Яман дар пеш аст
Бишиканади тавба агар сад Сикандар бошад
Дар баҳорӣ ки ду сад тавбаи шикан дар пеш аст
Адаби роҳнамои шавқи марои санг раҳ аст
Дар сбксирӣ агар Хизри зи ман дар пеш аст
Аз дами теғ ба сад захм нигараданд рӯй
Ҳар киро ҳамчуи қалами роҳи сухан дар пеш аст
Ҳалқаи мотамаш аз тавқ гиребон бошад
Ҳар сирриро ки ғами хок шудан дар пеш аст
Домани пок буд ҷомаи мардонро зеб
Варна сад перҳан аз ҷомаи кафан дар пеш аст
Ҳосили чашмаи бенаӣ агар об ҳаёст
Чоҳ аз чашми ҳасудони ватан дар пеш аст
Натавонӣ лаб агар аз сухани ҳақ бастан
Ҳамчуи Мансури турои дору расан дар пеш аст
Ба ки дар дому қафаси сар ба таҳ бол кашад
Булбулиро ки тамошои чаман дар пеш аст
Мижа бар ҳам назанад дар дили шабҳои дароз
Шонаеро ки сари зулфи сухан дар пеш аст
Гар ба гуфтори тавон рутба кирдор гирифт
Соиб аз хуши суханони хомаи ман дар пеш аст