Ишқро аз дили сўдоздаҳи мо нанг аст
Ин палангӣ ки бо сояи худ дар ҷанг аст
Хотири содаи дилони нақш ҷаҳон напазирад
Шишаи сад майкадагар сарф кунад бирнг аст
Чархро нолаи ман бар сар кор оварда аст
Аз дами гарми ман ин доираи сайр оҳанг аст
Чун гиреҳ бар лаби гуфтор чу марказ назанам ?
Арсаи доираи халқи азизон танг аст
Сабзии бахт , абаси ҷилва фурӯшӣ накунад
Ки бар ойӣнаи мо шҳпри тӯтӣ занг аст
Офтобаш ба лаби боми завол устода аст
Ҳар ки чун шабнами гул , бастаи об ва ранг аст
Дил бе ишқи хатар аз дам исо дорад
Шиша чун шуд тиҳӣ аз бода , нафаси ҳам санг аст
Сухан талх кунад нарм , дили душман ро
Сиркаи тунди алоҷи дили сахт санг аст
Чашм бар атлас афлок надорад соиб
Кин қабое ки бар қомати ҳиммат танг аст