Сабзӣ на фалак аз чашми гуҳарбор дил аст

Оби ин мазраъа аз дидаи бедор дил аст

Юсуфиро ки надидааст Зулайхо дар хоб

Яке аз ҷилваи гарони сари бозор дил аст

Нафаси сард , насими ҷигар сӯхта аст

Доғи ҷонсӯз , чароғи сари бемор дил аст

Оби ҳайвон ки Сикандари зи таманнояши сӯхт

Шабнами сӯхтаи гулшан бехор дил аст

Аз хамӯшӣ лаби изҳор ба ҳам часбӣдан

Ҳуҷҷати нотиқи ширинии гуфтор дил аст

Бемаломат нашавад оинаи дили равшан

Захми шамшери забони сайқали зангор дил аст

Бе қадами гирди саропои ҷаҳони гардидан

Кор ҳар бесар ва пое набӯд , кор дил аст

Баҳр дар соғар гирдоб нагунҷад ҳаргиз

Гӯши афлоки куҷо дар хури асрор диласт ?

Нуқта аз гардиши паргор хабар ме бахшад

Чашм ҳайрат задагон шоҳиди рафтор дил аст

Партави шамъ маҳоласт ба равзан нарасад

Бениши чашми ман аз дидаи бедор дил аст

Ғунча то кард даҳани боз , дар оташ афтод

Нафас хуш назанад ҳар ки гирифтор дил аст

Мо ба умеди хатари бодияи паймо шуда ем

Оҳ агар нашканад ин шиша ки дар бор дил аст

Соиби ин нолаи зорӣ ки санавбар дорад

Аз насим саҳарӣ нест , ки аз бор дил аст