Хати норуста ки дар лаъли лаб ҷонон аст

Ҳамчу заҳрӣаст ки дар зери нигин пинҳон аст

Холи мишкӣни ту аз зулфи длоўизтрст

Хати райҳони ту гӣрандатар аз қуръон аст

Қуфл гардидан дарёст назар бастан ман

Мижа бар ҳам заданами боли впр тӯфон аст

Зинҳор аз лаби хандон ба дил танг бисоз

Ки кушоди ту чу тир аз гиреҳ пайкон аст

Кор бар зиндаи дилон чарх намесозад танг

Писта ҳар чанд ки дар пӯст буд хандон аст

Сабз аз обила даст шавад тухми умед

Гарчи зоҳир сабаб нашаву намо борон аст

Умри перони куҳансол ба суръат гузарад

Рӯ ба пастӣ чу наад об , сабк ҷавлон аст

Юсуф афтодгар аз макри Зулайхо дар банд

Миср аз ҷӯши харидор ба ман зиндон аст

Нест аз доғи ғуборӣ ба дили ман соиб

Нафаси сӯхтагони мағзи маро райҳон аст