Гарчи симоӣ хазон дорад рух чун зари маро
Дар саводи дил баҳорӣ ҳаст чун анбари маро
Орзӯе ҳар замон дар дил бар оташ май нуҳум
Оташ бедӯд , бошад айб чун миҷмари маро
Ҷавҳари ойӣнаи ман чун зира зер қабост
Дар сафои сина пӯшидааст баси ҷавҳари маро
Неъматӣ чун сайр чашмӣ нест бар хон вуҷӯд
Бениёз аз баҳр дорад оби ин гавҳари маро
Чеҳраи хуршед пинҳонаст дар зангори ман
намезанад сайқал ба чашми бастаи равшангари маро
Гарчи чун шабнами дарин гулшани ғариб афтода ам
Боғбон аз доман гул мекунад бистари маро
Бас ки дидам сарди Меҳрӣ аз насими навбаҳор
Бодаи хӯн мурда шуд чун лола дар соғари маро
Санги хороро шарори ман гиребон пора кард
Содаи лавҳи он кас ки май пӯшад ба хокистари маро
намешавад аз ғифлати саршори ман рагҳои хоб
Сӯзани алмос агар резанд дар бистари маро
Хурда бинӣ нест соиб , вар на чун хол батон
Як ҷаҳон маънӣаст дар ҳар нуқтае мзмри маро