Шӯри ширини суханон дар ба ҳам омехтан аст

Серумаи нолаи занҷири зи ҳам рехтан аст

Имтиҳон кардани шамшер ба ин хоки ниҳод

Ҷуръаи аввали мино ба замин рехтан аст

Сохтан ғолия олуд сари зулфи туро

Машкро бо ҷигари сӯхта омехтан аст

Мижаҳоро ба ҳам афкандаи зи шухии чашмаш

Мастро кори ҳамин фитна барангехтан аст

Дил ба тори нафас суст мабанд аз ғифлат

Ки бар ҳар дам задани омода бгсихтн аст

Бар сари доғи куҳан , доғ ниҳодани соиб

Гули з бисёре гул бар сари ҳам рехтан аст