Ин чаҳ лутфаст ки бо ёри вафодор ман аст

Ки ба ман ҳамсафару хонаи нигаҳдор ман аст

Ҳар киро табли раҳил аз тапиш дил бошад

Дар биёбони талаби қофилаи солор ман аст

Хоб дар хилвати ман ҳалқаи беруни дуруст

То хаёли ту аниси дили бедор ман аст

Фалак бе срўпои зарра шайдое ӯст

Офтобӣ ки ниҳон дар пас девор ман аст

Маҳви дидори турои пои сафар дар хоб аст

Варна ин доираҳо маркази паргор ман аст

Зиштро оинаи соф мукаддар созад

Чаҳ аҷаби душман агар мункири атвор манаст ?

Зон ғуборӣ ки хат аз рӯй ту ангехта аст

Меҳнат рӯй замин бар дили аФгор ман аст

Аз туҳидастии худ шиква надорам соиб

Хори саҳрои қаноати гул бехор ман аст