Ҳар ки дорад назарии вола зебоӣ туаст

Ҳалқаи доми ту аз чашм тамошое туаст

Нест ҳар чанд дар ин сарви қадони кӯтоҳӣ

Илми ин сафи ороста раъное туаст

Ин ки ҳар тайифае қибла хосӣ доранд

Нест биҷо , сабабаши ҷилва ҳар ҷое туаст

Мади эҳсони муҳӣти ту расо афтода аст

Лофи яктое ҳар қатраи з яктое туаст

Гарчи дар ҳиҷла нозаст рахт парда нишин

Шӯр ҳар анҷуман аз анҷуман ороӣ туаст

Кист бепарда ба хуршеди назар боз кунад ?

Чашми пӯшидаи мо ҳуҷҷат пайдое туаст

Зулф чун саркашӣ аз шона тавонад кардан ?

Набзи ҷони ҳама дар панҷа гироӣ туаст

Мавҷ бе ҷунбиши дарёи раҳи хобида буд

Ҳар киро дард талаб ҳаст з ҷӯёе туаст

Оби ҳайвон ки Сикандари зи таманнояши сӯхт

Дар сияҳи хона мағзӣаст ки савдое туаст

Аз латофат натавон ёфт куҷо ме бошӣ

Ҷой раҳмаст бар он кас ки тамошое туаст

Равзан аз меҳри ҷҳонтоб басират дорад

Нури огоҳии мо партав бенаӣ туаст

Кист соиб ки ба тавҳиди ту гуё гардад ?

Қӯти бозуии калакаши з тавоноӣ туаст