Хат чаро дар лаб ҳамчун шукраш сӯхтааст ?

Аз дами гарм ки оби гуҳараш сӯхтааст ?

То чаҳ густохӣ азон тӯтии хат срздаҳ аст

Ки лаб чун шукрати болу париш сӯхтааст ?

Ҳеҷ андешаи зи хуршед қиёмат накунад

Ҳар ки аз доғи азизии ҷигараш сӯхта аст

Дидани домантар чанд шавад дӯзахи ман ?

эй хушо лола ки домони турш сӯхта аст

намезанад мавҷи зи хокистар ӯ оби ҳаёт

Ҳар дилиро ки фурӯғи гуҳараш сӯхта аст

Дили пари доғи ман аз сардии даврон , монад

Ба дарахтӣ ки зи сармои самараш сӯхта аст

Ашк дар пардаи дили сӯхти зи сӯзи ҷигарам

Ҷой раҳмаст бар он гул ки зараш сӯхта аст

Хунаки он сина ки аз шуъла бе парвое

Орзӯҳои ҷаҳон дар ҷигараш сӯхта аст

Боз чун шуъла ҷувола надорад ором

Гарчи парвонаи мо болу париш сӯхта аст

Даврии баҳри марои сӯхт , хушо он ғаввос

Ки нафас дар дили баҳри гуҳараш сӯхта аст

намерасад сӯхтаи ҷонӣ ба муроди ду ҷаҳон

Ки муроди ду ҷаҳон дар назараш сӯхта аст

Ин қадари доғи дили лолаи ҷигар сӯз набӯд

Бар дили гарм ки ёрб ҷигараш сӯхтааст ?

Дар тариқат касе аз грмрўон дар пеш аст

Ки дарин роҳ , нафаси бештараш сӯхта аст

Домани дашти ҷунун беасар маҷнӯн нест

Лола дастӣаст ки дар зери сараш сӯхта аст

Гарчи ёқӯт наме сӯзад аз оташи соиб

Лола аз оташи гулҳо ҷигараш сӯхта аст