Холи зери лаби он моҳи лақо афтода аст

Чашми бади давр ки бисёр баҷо афтода аст

Дил бе ҷуръати мо гӯша нишин адаб аст

Варна лаъли лаб ӯ бӯси рибо афтода аст

Бе саранҷомтар аз нуқта бе паргораст

То дил аз ҳалқаи зулфи ту ҷудо афтода аст

Бесиёҳӣ натавон чашмаи ҳайвонро ёфт

Хол дар кунҷи лаби ёри баҷо афтода аст

Бе ишорати хами абрӯии ту як соъат нест

Қиблаи ?ути шӯхтар аз қиблаи намо афтода аст

Нек чун бози шикофии сар бемағзӣ ҳаст

Ҳар куҷои соя эй аз боли ҳумо афтода аст

намекунад раҳм ба ошуфтагии мо соиб

Ҳар киро кор ба он зулфи ду то афтода аст