Дили шаби васли ту аз субҳи мукаддар шуда аст

Айши ман талхи азин қанди мукаррар шуда аст

Чаҳ шикоят кунам аз гармии саҳрои талаб ?

Ман ки ҳар обилаам чашмаи кавсар шуда аст

Ба Сикандари надиҳади қатраи обӣ , ҳар чанд

Хизри сероби зи иқболи Сикандар шуда аст

Пушт бар олами сӯрат чу кунад сода шавад

Хонаи оина ҳар чанд мусаввир шуда аст

Дил афсурда надорад хабар аз шӯриши ишқ

Баҳр давраст азон қатра ки гавҳар шуда аст

Ҳар ки оқил шавад эмини з маломат гардад

Нахурд санг бар он нахл ки бе бар шуда аст

Даҳанӣ талх кунад гоҳи зи шукр , варна

Мӯри мо длздаҳ аз суҳбати шукр шуда аст

Пеш дарё магушо лаб ки азин ҳасани адаб

Садаф аз гавҳари шҳўори тавонгар шуда аст

Доғ маҳрӯмӣ дарёст тааюни соиб

Ҷой раҳмаст бар он қатра ки гавҳар шуда аст