Бе забонии парда дорӣ мекунад рози маро

намедиҳад хомӯшии ман серумаи ғаммози маро

Гар бурун ояд , ба хӯни худ гувоҳӣ ме диҳад

Нола то дар дил нагардад хӯн , ҳам овози маро

Аз навозиши миннат рӯй замин дорад ба ман

Чархи сангин дил занадгар бар замини сози маро

Гӯши гул бепарда аз гулбонги ман гашт ва ҳануз

Боғбон сангдил нашунида овози маро

Кӣ ба соҳил мегузорад муваҷҷаҳи худро муҳӣт ?

Аз шикастан нест парвои боли парвози маро

Сайл аз вайронаи ман шармсорӣ май барад

Нест ҷузи афсӯс дар кафи хонаи пардози маро

Аз шабихуни насими субҳ эмин ме шавад

Шамъ агар фонӯс созад пардаи рози маро

Аз ду олам дӯхт чашмами дурбиниҳои ишқ

То куҷо хоҳад гушӯдани чашми шаҳбози маро

Ақл агар соиб насозад бо дили ман гӯи мсоз

Ишқ бо он бениёзӣ мекашад нози маро