Хат ба гирди рухи он сими зқн омада аст

Мӯр дар дасти сулаймон ба сухан омада аст

Дар ҳавои лаби ёқӯти фурӯғи ту , Суҳайл

Ашк гармӣаст ки аз чашми Яман омада аст

Ин на субҳаст , ки хуршеди зи андешаи ҷон

Ба сари роҳи ту бо теғу кафан омада аст

Чун набошад хати мишкӣни ту дар гирди ниҳон ?

Ки нафаси сӯхта аз нофи хутан омада аст

Шӯри маҳшари зи гиребони чаман гул карда аст

Булбули нағмаи ғарибӣ ба чаман омада аст

Ҷомаи фатҳи заъифони сипар андохтан аст

Хасм бо теғ , абас бар сари ман омада аст

Гӯши арбоби сухани танги шукр чун нашавад ?

Тӯтии хомаи соиб ба сухан омада аст