Хати сабзӣ ки ба гирди рух ӯ гардӣда аст
Дафтари даъвии хуршед ба ҳам печида аст
Баргрезони ту хуштар буд аз гулрезон
Дар баҳори он ки турои дида чаҳ гулҳо чида аст
Пила нашав ва намо нест ба ин раъное
Сарв аз нисбати қади ту чунин болида аст
Гар на ойӣна ҳазар дорад азон ғамза , чаро
Зира аз ҷавҳари худ зери қабо пӯшидааст ?
То қиёмати гиреҳаш боз нагардад чун хол
Ҳар киро фикри сари зулф ба ҳам печида аст
Шӯри мурғони чаман ҳавсила сӯзаст имрӯз
Гули бидрд ба рӯй ки дигар хандидааст ?
Ғофил аз холу хату зулфу даҳони ту шуда аст
Содаи лавҳӣ ки ба хуршеди туро санҷида аст
намерубойанд зи ҳам лолаи рухони дасти бадаст
То ба пои ту ҳинои чеҳра худ молидаа аст
Моҳ аз шарми изори ту ҳисорӣ шуда аст
Ин на ҳолааст ки бар гирд қамар гардӣда аст
Гар шавад шабнами фирдавси ҳамон рӯ ба қафост
Арақӣ каз рухи он моҳи ҷабин ғлтидаҳ аст
Дили сад пора ба шероза намегардад ҷамъ
Риштаи беҳуда бар ин дастаи гул печида аст
намешавад восили дарёии ҳақиқат чу ҳубоб
Ҳар ки соиби назар аз ҳастӣ худ пӯшида аст