Сухани ишқ касе каз лаб мо нашунида аст
Буии пероҳани Юсуфи з сабо нашунида аст
Ҳар ки буии ҷигари сӯхта мо нишнид
Буии райҳони гулистон вафо нашунида аст
Ошиқу шикваи маъшӯқ , худо напасандад !
Дар шикаст аз дили мо санг садо нашунида аст
Сокини малики ризои шӯ , ки дарин амни обод
Касе овози пари тир қазо нашунида аст
Хабари марги зи бемор ниҳон ме доранд
Чашм ӯ ҳоли парешон маро нашунида аст
Чун парешон шуд азуи мағзи ҷаҳони ҳайронам ?
Накҳати перҳаниро ки қабо нашунида аст
Мотами зиндаи ҷовид чаро бояд дошт ?
Ҳеҷ каси навҳаи зи хок шуҳадо нашунида аст
Доғи он нағма сароем ки дарин сабзи чаман
Буии пероҳани гулро з ҳаё нашунида аст
Даври гардони вафои нағма сароён доранд
Лайлии мост ки овоз даро нашунида аст
Аз сиррии ҷӯии саодат ки з бе парвое
Хабари сояи иқбол ҳумо нашунида аст
Чаҳ қадари гӯш ба ҳарф ғараз олуд кунад ?
Бениёзӣ ки зи ихлос дуо нашунида аст
Кӣ раҳи бӯса ба он кунҷ даҳан хоҳад дод ?
Сари гаронӣ ки зи ман ҳарф баҷо нашунида аст
Надиҳади фурсати гуфтор ба муҳтоҷ , Карим
Гӯши ин тайифаи овоз гадо нашунида аст
Ғайри он ғамза ки то куштани ман ҳамроҳ аст
Дигар аз теғ касе ҳарф вафо нашунида аст
Он ки аз зикр ба мазкӯр наме пардозад
Аз худои ҳеҷ ба ҷузи ном худо нашунида аст
Дили хомӯши ману ҳарфи шикоят , ҳайҳот
Касе аз ғунчаи тасвир садо нашунида аст
Ишқи осӯдаи з бетоқатӣ ушшоқ аст
Қиблаи мо хабари қибла намо нашунида аст
Гулшан аз нолаи мо як ҷигар хунин аст
Булбулӣ нест ки овоза мо нашунида аст
Хӯни худро ба чаҳ умеди ҳалол ту кунам ?
Ки зи дасти ту касе буи ҳино нашунида аст
Лолаи тавр таҷаллӣаст дили мо соиб
Сухани хом касе аз лаб мо нашунида аст