Даст дар домани андеша задан нодонӣ аст

Соҳилӣ дорад агар баҳри ҷаҳон ҳайронӣ аст

Боиси гардиши афлок ки медонад чист ?

Қисмати ақли азин доира саргардонӣ аст

То ба хору хаси мо бесару поён чаҳ расад

Киштии Нӯҳи дарин қулзуми хӯн тӯфонӣ аст

Дил битоб надонам ки куҷо ме бошад

Гавҳари поки ғариби ватан аз ғалатоне аст

Нарасад ҳасан ба дрддли сад пораи мо

Қисмати Тифли зи авроқ , варақ гирдоне аст

Дил огоҳ нагардад ба азизӣ хурсанд

Бар сари тахти ҳамон Юсуфи мо зиндонӣ аст

Ҳирси нони бештар аз резиш дандон гардад

Ки садафи косаи дарюзаи з бедандонӣ аст

Соиб аз лолаи изорон ба нигаҳ қонеъ бош

Ки сабои муҳаррами гулҳо зи сабк ҷавлонӣ аст