Ғӯта дар хӯн занад он чашм ки дидан донист
Ризқ дандон шавад он лаб ки макидан донист
Пӯст бар пайкари худ чок занад ҳамчуи анор
Хӯн ҳар сӯхтаи ҷонӣ ки чакидан донист
Сояи сунбули фирдавс бар ӯ занҷираст
Даст ҳар кас ки сар зулф кашӣдан донист
Лаби кавсар ба мазоқаши дами шамшер буд
Май парастӣ ки лаб ҷом макидан донист
Накушояд дилаш аз сайри хиёбони биҳишт
Ҳар ки дар кӯчаи он зулф давидан донист
Натавон дошт ба занҷири зи мижгон ӯ ро
Тифли ашкӣ ки ба рухсор давидан донист
Ба пар коҳ нагирад сухани носеҳ ро
Чун шарари дида ҳар кас ки паридан донист
Гӯ ба заҳр об диҳад теғи забонро душман
Гӯши мо чошнии талх шунидан донист
Чун нашавед даҳан аз чошнии шер ба хӯн ?
Тифли мо лиззат ангушт макидан донист
Партави шамъи ту то пардаи фонӯси шикофт
Субҳи маҳшари равиши ҷома дарин донист
Ғӯр кун дар сухани соибу кайфияти байн
Натавон ншأаҳ майро ба чашедан донист