намеҳаромаст дар он базм ки ҳушёрӣ ҳаст

Хоб талхаст дар он хона ки беморӣ ҳаст

Бо парешони назарии бас ки бидам , май шиканам

Ҳар куҷои оинае бар сар бозорӣ ҳаст

наме тавон бо гули хуршеди назар бозӣ кард

Ҳамчуи шабнам агарат дида бедорӣ ҳаст

Хизр бар гирди сари дард талаб ме гардад

Каъба фаршаст дар он сина ки озорӣ ҳаст

Субҳи одинау Тифлони ҳамаи як ҷо ҷамъанд

Бар ҷунун май занами имрӯз ки бозорӣ ҳаст

Бахти зангор чаро сабз набошад соиб ?

Рӯзу шаб дар бағалаши оина рухсорӣ ҳаст