Хор дар дидаи он кас ки талабкораш нест
Хок дар косаи он сар ки ҳаводораш нест
Гарчи хати сияҳаш даст надодааст ба ҳам
Касрӣ нест ки дар ҳалқа зуннораш нест
Чаҳ хабар аз дили сад пора мо хоҳад дошт ?
Масти нозӣ ки хабар аз гул дастораш нест
Гӯши он шохи гул аз оби гуҳар сангин аст
Хабар аз нолаи мурғон гирифтораш нест
Содаи лавҳӣ ки сетанд назар аз шабнами вом
Хабар аз нозукии он гул рухсораш нест
Моҳи канъони гуҳари худ ба харидори расонад
Юсуфи мост ки пурвой харидораш нест
Гарчи ҷон тоза кунад чошнии оби ҳаёт
Ба гулӯи сӯзии шамшер гуҳарбораш нест
Ғам дунё нахурд ҳар ки дилу дайни дрбохт
Он ки сар дод дарин раҳи ғам дастораш нест
Сояи боли ҳумои парда хобаш гардад
Ҳар ки дар сари ҳаваси давлат бедораш нест
Нафаси пок азон сина талаб кун соиб
Ки ғубории зи ҷаҳон бар дил аФгорш нест