Ҳалқаи зикри ту , мем даҳанӣ нест ки нест

Хилвати фикри ту чоҳ зқнӣ нест ки нест

На ҳамин субҳи азин дарди гиребон чок аст

Чоки савдои ту дар перҳанӣ нест ки нест

Соғари чашми ту дар дайру ҳарам дар давраст

Ҳасан бе қайди ту дар анҷуманӣ нест ки нест

Ҳар як аз аҳли назарро ба забонӣ дорад

Чашми пари кори турои ҳеҷ фаннӣ нест ки нест

Булбулу тӯтӣу қамарии ҳама нолон тавонад

Дар дабистони ту ширин сухан нест ки нест

Ҳамаи нозуки баданон дар хам оғӯш тавонад

Синаи чоки ту гул ва ёсуманӣ нест ки нест

Гарчи дар баста шармаст кмонхонаҳи ту

Аз хаданги ту мушаббак баданӣ нест ки нест

Шамъу парвонау гули нағма сарое дорад

Хорхори ту гул перҳанӣ нест ки нест

Зуҳра кист ки аз шиква тавонад дам зад ?

Ҳайрат рӯй ту қуфл даҳанӣ нест ки нест

Ба чаҳ ҷамъияти хотир дар мадҳи ту занам ?

Ки парешони ту зулф суханӣ нест ки нест

На ҳамин ҳол ғарибӣаст марои давр аз ту

Шоми ғурбати зи ту субҳ ватанӣ нест ки нест

На ҳамин хомаи соиби зи ту тӯбо самараст

Оби лутфи ту равон дар чаманӣ нест ки нест