Барги айши чаман эй ғунчаи даҳон ӣнҳама нест

Давлати абри баҳори гузарон ӣнҳама нест

Чаҳ бисотаст ба худ чидае , эй хирмани гул ?

Вусъати доираи куну макон ӣнҳама нест

Чанд дар по фиканӣ тавқи маро чун халхол ?

Қади мавзуни ту эй сарви равон ӣнҳама нест

Гули раънои ту бар хеши бисотӣ чида аст

Варна сомони баҳорону хазон ӣнҳама нест

Ташнаро май барад аз роҳи буруни мавҷи сароб

Пеши дарёи гуҳарони малики ҷаҳон ӣнҳама нест

Чаҳ ғами хонау сомони иқомати дорӣ ?

Дар ҷаҳони муддати умри гузарон ӣнҳама нест

Марг аз биҷгриҳои ту чун заҳр шуда аст

Талхии бодаи ин ратли гарон ӣнҳама нест

Ноз пурвирд баҳораст тани нозуки ту

Варнае гули нафаси сарди хазон ӣнҳама нест

Умри кӯтаҳтар азонаст ки ғам бояд хӯрд

Муддати хандаи барқи гузарон ӣнҳама нест

Зар чаҳ бошад ки набозанд ба симини баданон ?

Пеши мо сирФён , хурдаи ҷон ӣнҳама нест

Арақи шарм гирифтааст саропои туро

Чашми шабнам ба гулистони нигарон ӣнҳама нест

Ваъдаи васл ба фардои мФкн эй нўхт

Ки ҷаҳони по ба рикобасту замон ӣнҳама нест

Дар гузар аз сари дилҷӯеи хунини ҷгарон

Нақди авқоти ту эй ғунчаи даҳон ӣнҳама нест ?

Соиб аз дидаи инсоф агар дрнгрӣ

Пеши хат , ҷавҳари ойӣнаи ҷон ӣнҳама нест