Дар биёбони ҷунуни силсила пардозӣ нест
Рӯзгорӣаст дарин доира овозӣ нест
На ҳамин кӯчау бозори зи маҷнӯн холӣ аст
Дар биёбони ҷунун низ назарбозӣ нест
Ваҳшати обод буд дар назари ман шаҳрӣ
Ки ба ҳар кӯча ӯ хона барандозӣ нест
Брнёиди нафас аз тӯтии ширини гуфтор
Дар ҳаримӣ ки рухи оина пардозӣ нест
Ба чароғи ма ва хуршед нагардад равшан
Ҳар ҳаримӣ ки дар ӯ шуъла овозӣ нест
наметавон ёфт зи печидагии болу пурм
Ки ба гирои мижгони ту шаҳбозӣ нест
Нест мумкин ки таровад сухан аз ман соиб
Дар ҳаримӣ ки дар ӯ чашми сухан созӣ нест