Дар ғарибии дилам аз ёди ватан холӣ нест

Ғунча ҳар ҷо буд аз фикри чаман холӣ нест

Рӯҳ дар ҷисми ман аз шавқ надорад ором

Дар гуҳари оби ман аз қатра задан холӣ нест

Чун сари зулфи ҳамон ҳалқаи беруни дирам

Гарчи як мӯем азон аҳди шикан холӣ нест

Чашми бадро ба лаби хушки зи худ давр кунам

Варна аз хӯни ҷигари соғари ман холӣ нест

Дар саропои ту ҳар гӯша ки ояд ба назар

Аз шукри ханда чу он кунҷи даҳан холӣ нест

Ҳасани бирнг ба ҳар кас нанамояд худ ро

Варна дар фасли хазон низ чаман холӣ нест

Агар андешаи маъшӯқи ҳам оғӯш буд

Сар кашӣдан ба гиребони кафан холӣ нест

Лаб ҳар ҷоми дарин базм лаб Мансураст

Гарчи ин маърака аз дору расан холӣ нест

Доғ дар зери сиёҳӣ буд аз чашми эмин

Ман ва он боғ ки аз зоғу заған холӣ нест

Мисрро шавқ ватан кард ба Юсуфи зиндон

Гарчи аз чоҳи ҳасади хоки ватан холӣ нест

Ҷӯй хушкӣаст , чу соқӣ набӯд , шишау ҷом

Аз гулу сарв чаҳ ҳосил ки чаман холӣ нест ?

Ҷузи сухани мағз дигар нест дарин олами пуч

Ин чаҳ пучаст ки гӯйанд сухан холӣ нест ?

Лолаи тавр таҷаллӣаст дили ман соиб

Ҳаргиз аз доғи ҷунуни косаи ман холӣ нест