Аз зару сими ҷаҳони поси назар бояд дошт
Дил ба чизе магузоред ки бирабоед дошт
Юсуф Миср шунидӣ ки зи ихвон чаҳ кашид
Чаҳ таваққуъи зи азизон дигар бояд дошт
То насузад дилат аз доғи азизони чаман
Дар баҳорони сари худ дар таҳи по бояд дошт
Ду се рӯзӣ ки дарин сабзи чамани меҳмонӣ
Ҳамчуи наргис ба таҳи пои назар бояд дошт
намешавад хор , кунад ҳар ки азизонро хор
Иззати мардуми покизаи гуҳар бояд дошт
Рӯй дил нест сазовор ба ин мушти ҷамод
Пушт чун сиккаи хуши нақш ба зар бояд дошт
То магари давлати нохондаи даройад аз дар
Чашм чун ҳалқаи шабу рӯз ба дар бояд дошт
Чун магас чанд талабкор ҷароҳат бошӣ ?
Дида аз айби хилоиқ ба ҳунар бояд дошт
Ҳиммати пери хароботи баланд афтода аст
Чун сабуи дасти талаб дар таҳи сар бояд дошт
Зикр бе хотири огоҳи нафас сӯхтан аст
Поси тасбеҳи зи сад роҳгзор бояд дошт
То шавад хурдаи ҷони ту яке сад соиб
Чашм бар сӯхтагони ҳамчуи шарар бояд дошт