То ман длшдаҳро дасти зи гардани бардошт

Ҷавҳари теғи ту чун силсилаи шевани бардошт

Шуд зи дилбастагӣ аз ашки видоъами сарсабз

Хори хушкӣ ки марои дасти зи домани бардошт

Нест дар бандагии сарви қадони озодӣ

Натавон фохтаро тавқи зи гардани бардошт

Ҳасан ҳар чанд наёрад ду ҷаҳонро ба назар

Нест мумкин ки тавонад назар аз ман бардошт

Ҳар ки зери фалак аз рахнаи дил ғофил шуд

Чашм дар хонаи торики зи равзани бардошт

Нест бе обилаи нақши қадами грмрўон

Дар гуҳар ғӯта зад он кас ки паии ман бардошт

Дар назар дошт шикасти дил чун шишаи ман

Ҳар ки санг аз раҳи ман ҳамчуи фалохани бардошт

Ҳосилӣ дошт агар мазраъ бе ҳосили ман

Донае буд ки мӯр аз сари хирмани бардошт

Манам он манзил бе оби дарин домани дашт

Ки пушаймон нашуд он кас ки дил аз ман бардошт

Шуд масеҳо ба таҷарруди зи алойиқи озод

Чаҳ кунад ришта ба он теғ ки сӯзани бардошт ?

Сӯзи пинҳонии ман дар дил ӯ кор накард

Санг , сардӣ натавонист зи оҳани бардошт

Кард пари гавҳари шҳўори садафро соиб

Ҳар ки ибрати зи ҷаҳон аз дили равшани бардошт